
Имрӯз, намояндаи Донишгоҳи Шандони Ҷумҳурии мардумии Чин аз кафедраи таҷҳизот ва технологияҳои мошинсозии факултети электромеханикаи донишкада дидан намуда, бо намояндагони кафедра мулоқот намуд.
Меҳмонро мудири кафедраи таҷҳизот ва технологияҳои мошинсозии факултети электромеханика Холов Зафар истиқбол намуда, роҷеъ ба санъати мошинсозӣ, ҳамкорӣ бо бахши мошинсозӣ, истифодаи технологияҳои муосир суҳбат намуданд.
Қайд карда шуд, ки дар бахши сохтани автомобилҳои электронӣ, истеҳсоли лавозимоти автомобилҳои муосир ҷонибҳо ба тафовуқ расидаанд, ки ҳамкориро ба роҳ монанд.
Ёдовар мешавем, ки кафедраи таҷҳизот ва технологияҳои мошинсозии факултети электромеханика яке аз кафедраҳои пешқадам дар омода намудани мутахассисони соҳаи мошинсозӣ буда, дар вилоят назир надорад ва дар он мутахассисони варзида ба донишҷӯён таълим медиҳанд.
Шуъбаи иттилоот
