БОЗДИДИ МУОВИНИ АВВАЛИ РЕКТОР ДАВЛАТЗОДА ДАВЛАТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ТАЪМИРУ ТАҶДИД ДАР ПАРКИ ТЕХНОЛОГӢ

Имрӯз, тибқи дастури ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ муовини аввали ректор дотсент Давлатзода Давлат бо ҳамроҳии муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон аз ҷараёни корҳои таъмиру таҷдид дар бинои иловагии Парки технологӣ дидан намуданд.
Муовинони ректорро мудири кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ профессор Ҳоҷиев Саидмуқбил бо ҷараёни кор шинос намуда, изҳор дошт, ки дар ҳамкорӣ бо директори ҷониби тоҷикистонии Донишкадаи Конфутсий профессор Насриддинов Замониддин ва сардори шуъбаи корҳои маъмурӣ – хоҷагидорӣ Азизов Қурбон аллакай қисми асосии сохтмон ба итмом расонида шуд ва барои анҷоми таҷдиду барқарор таҷҳизот харида шудааст.
Муовини аввали ректор Давлатзода Давлат сипосмандии ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалиро ба кормандон расонида, изҳор дошт, ки роҳбарияти донишкада барои дастгирии корҳои сохтмонӣ, амалӣ намудани ғояҳои нав ҳамеша омода мебошад.
Гуфта шуд, ки ҳар кори нек, амали нек подоши нек дорад!
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Парки технологӣ фаъолият мебарад, ки дар он як қатор шароитҳо барои омӯзиш ва амали намудани корҳои таҷрибавӣ – озмоишӣ шароит фароҳам оварда шудааст.
Шуъбаи иттилоот
М. Саидов