Ташрифи ҳайати профессорию омӯзгории Донишгоҳи Шандони Ҷумҳурии мардумии Чин ба донишкада

Намояндагони Донишгоҳи Шандони Ҷумҳурии мардумии Чин ба донишкада ташриф оварда, бо мудири кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ профессор Ҳоҷиев Саидмуқбил мулоқот намуданд. Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ, бунёди марказҳои таълимии муштарак, таъсиси курсҳои кӯтоҳмуддати соҳавӣ, бунёди озмоишгоҳи муосири соҳавӣ, таъсиси маркази байналмилалии интишоротӣ ва ғайра баррасӣ карда шуд.  Қайд карда шуд, ки аз ин пас ҳамкориҳои илмӣ ва илмӣ-таҷрибавӣ ин длу муассисаи олӣ ҷоннок карда мешавад.

Дар донишкада ҳайати меҳмононро мудири кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ профессор Ҳоҷиев Саидмуқбил, директори ҷониби тоҷикистонии Донишкадаи Конфутсий Насриддинов Замониддин, директори ҷониби чиноии ҳамин донишкада ва дигар омӯзгорони ҷавон ҳамроҳӣ намуданд.

Зимни боздид аз донишкада меҳмонон аз озмоишгоҳи маҷозӣ, озмоишгоҳи синтези моддаҳои ғайриорганикӣ, озмоишгоҳи рентгенофлуорессентӣ, озмоишгоҳи химияи таҳлилии кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ ва Парки технологии донишкада дидан намуда, ба роҳбарияти донишкада ва масъулон ҷиҳати фароҳам овардани шароит ба донишчӯён миннатдорӣ баён карданд.

Шуъбаи иттилоот

М. Саидов