
Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав дидан намуда, бо ҷараёни таъмиру таҷдиди бинои факултет ва ҳуҷраҳои шинос гардид. Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ нахуст ба мутасаддии факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Мирбобоев Шӯҳратҷон баҳри талошҳо ва кӯшишҳои пайваста барои ободонӣ изҳори сипосмандӣ намуда, сипас ҷиҳати дар сатҳи баланд ва сифатнок анҷом додани корҳои азнавсозиву барқарорнамоӣ машаваратҳо дода, изҳор дошт, ки раёсати донишкада дар доираи имконоти мавҷуда, барои таъмиру таҷдид мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав бо пешниҳоди ректори донишкада ва фармоиши вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шералӣ Кабир таъсис дода шудааст ва ҳадаф ҳам омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи зеҳни сунъӣ мебошад.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамчун олими саршиноси соҳаи иқтисод ва дорои таҷрибаи баланд, ҳамчун иқтисодшинос ва ояндасоз, ҳамчун ректори ғамхор ва дилсӯз доимо баҳри рушди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон кӯшиш намуда, дар ин замина як қатор корҳои созандаро ба анҷом расонидааст. Иқдоми навбатӣ ҳам барои пешрафт ва рушди донишкада рӯи даст гирифта шудааст.
Шуъбаи иттилоот
М. Саидов