НАШРИ МАҚОЛАИ МУДИРИ КАФЕДРАИ МЕТАЛЛУРГИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ ЗАРГАРӢ РАҲИМЗОДА ҲАЁТ ДАР БОНУФУЗТАРИН МАҶАЛЛАИ ТАҚРИЗШАВАНДАИ ИЛМИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БО ҲАММУАЛЛИФИИ ОЛИМИ ВАРЗИДАИ АМРИКОӢ

Тибқи иттилои расида аз раёсати илм ва инноватсия мақолаи илмии мудири кафедраи металлургия ва технологияи заргарии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз олимони ҷавон ва пешгом, омӯзгори соҳибтаҷриба ва пешқадам, ҷавони сермаҳсул номзади илмҳои техникӣ, и.в.дотсент Раҳимзода Ҳаёт дар ҳаммуаллифӣ бо олими маъруфи Штатҳои Муттаҳидаи Амрико Корби Андерсон (Corby Anderson), мақолаи илмии худро дар яке аз беҳтарин маҷаллаи илмии тақризшавандаи байналмилалӣ ба нашр расонидааст.
Ба хонанда маълум менамоем, ки Корби Андерсон (Corby Anderson) дар ШМА яке аз бонуфузуртарин донишгоҳи илмии сатҳи байналмилалиро роҳбарӣ менамояд.
Қайд намудан зарур аст, ки мақолаи мазкур ба таҳқиқи масоили муҳим дар соҳаи металлургия бахшида шуда, натиҷаҳои наву арзишманди пажӯҳиширо дар самти саноати кӯҳию металлургӣ пешниҳод менамояд.
Гуфтан ба маврид аст, ки нашри ин мақола шаҳодати сатҳи баланди таҳқиқоти илмии олимони донишкада буда, саҳми назарраси онҳоро дар пешбурди илм ва нуфузи мактаби илмии металлургии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ маълум месозад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли равон мақолаи илмии Раҳимзода Ҳ.Ш дар маҷаллаи бонуфузи байналмилалии Mining, Metallurgy & Exploration (Springer Nature) таҳти унвони “A Hydro-pyrometallurgical Process for Antimony Recovery From Stibnite Concentrate” ба нашр расида буд.
Роҳбарияти донишкада ба муҳаққиқон барои ин дастоварди илмӣ изҳори сипосмандӣ баён намуда, ба онон дар корҳои минбаъдаи илмӣ ва таҳқиқотӣ комёбиҳои нав ба навро таманно менамояд.
Шуъбаи иттилоот