Имрӯз, дар кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозии факултети электромеханика дарси кушоди омӯзгори фаъоли ҳамин кафедра Хӯҷамов Санъатҷон аз фанни “Равандҳои хурдшавии ҷузъиёти мошинҳо” баргузор гардид. Омӯзгор бо истифода аз таҷҳизот ва лавозимоти мавҷуда, мавзуро ба донишҷӯён шарҳу тавзеҳ дода, роҷеъ ба технологияи мошинсозӣ дар шароити муосир, истифода аз металҳои гуногун дар саноати мошинсозӣ, таъмиру азнавсозии қисмҳои эҳтиётии мошинҳо сухан ронда, аз таҷрибаи миллии мошинсозӣ маълумот дод.
Дар ҷараёни дарс донишҷӯён ба омӯзгор суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Дар дарси кушоди омӯзгор Хӯҷамов Санъатҷон мудири кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ Туев Шоҳин, сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот Юсупов Хуршед, сардори шуъбаи тарбия Муслимзода Хайём, омӯзгорони кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ Дӯсталиев Сарвар, Ҳоҷибоев Домуллоҷон, Қобилов Валӣ, омӯзгори кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ Хоҷамов Шокир ва дигарон ширкат намуда, ба тарзи дарсгузарӣ ва шарҳи мавзуъ, кор бо маълумоти тахассусӣ ва додани иттилои саҳеҳ ва мубрам, бо диди нав бархӯрд ба мавзуъ ва дар умум кори омӯзгор Хӯҷамов Санъатҷон баҳои баланд доданд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи ҷадвали раёсати таълим дарсҳои кушод дар ҳама кафедраҳои донишкада, гузаронида мешавад.
Шуъбаи иттилоот

