
Имрӯз, яке аз омӯзгорони фаъоли донишкада, сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон Деҳқонов Дилшод ҷиҳати саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, баланд бардоштани мақоми он дар ҷомеа, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, тақвияти ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ, нишондиҳандаҳои назарраси меҳнатӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
Мо, ҳайати профессорию омӯзгории донишкада корманди фаъол ва омӯзгори пешқадам Деҳқонов Дилшодро ба ин дастовард табрику таҳният гуфта, барояшон дар корҳои минбаъад ва амалӣ намудани ҳадафҳои неку созанда барору муваффақият таманно менамоем.
Дастоварди навбатӣ хуҷаста бод устод Деҳқонов Дилшод!
Шуъбаи иттилоот