Суратгузориш аз кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандӣ

Имрӯз, мудири кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандӣ Илҳомзода Армон аз ҷамъбасти корҳои таъмиру таҷдид иттилоъ дод. Гуфта шуд, ки дар кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандӣ корҳои рангборкунӣ, таъмири таҷҳизоти варзишгоҳ, насби овезаҳои мувофиқ ба соҳа ба анҷом расонида шудааст ва барои гузаронидани мусобиқоти варзишӣ омода мебошад. 

Иттилоъ дода шуд, ки донишҷӯён айни замон метавонанд аз варзишгоҳи хурд, майдончаи варзишӣ, тамрингоҳи бинои асосӣ, майдони шафат ва майдончаи теннис истифода намоянд.

Шуъбаи иттилоот