
Имрӯз, тибқи дастуру супориши ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ муовини аввали ректор олими ҷавон, дотсент Давлатзода Давлат бо ҳайати професорию омӯзгории кафедраи ташкилу ҳамлу нақли факултети металлургия вохӯрда, аз ҷараёни таъмиру таҷдид хабар гирифт.
Давлатзода Давлат ҳамчун яке аз олимони ҷавон, ватандӯсти содиқ ва пайрави асили Пешвои миллат бо омӯзгорон самимона суҳбат намуда, ба декани факулетити металлургия таъкид намуд, ки ҷиҳати тарбия намудани мутахассисони ҷавон ва ҳамзамон ба ҷо овардани эҳтироми омӯзгорони солманд чораҷӯӣ намоянд. Мавсуф таъкид намуд, ки саҳмгузорӣ дар рушди маориф ин сармоягузори ба рушди ояндаи ҷомеа мебошад. Ба ҳамин хотир ҳама гуна иқдом ва ҳама гуна ташаббуси шаҳрвандӣ дар доираи тарбияи насли ватандӯст ва омода намудани мутахассисони ҷавон хуш пазируфта мешавад…
Зимни мулоқот муовини аввали ректор дотсент Давлатзода Давлат ба омӯзгорону кормандон барору муваффақият таманно намуда, изҳор дошт, ки роҳбарияти донишкада ҳамеша омода аст, ки ба ҳайати профессорию омӯзгорӣ мусоидат намояд.
Шуъбаи иттиллот
М.Саидов