ҚАДРШИНОСИИ ДОНИШҶӮИ ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ АЗ ҶОНИБИ МУОВИНИ АВВАЛИ РЕКТОР ОЛИМИ ҶАВОН ДАВЛАТЗОДА ДАВЛАТ

Имрӯз, дар толори Шурои олимони донишкада муовини аввали ректор Давлатзода Давлат бо ҳамроҳии аҳли раёсат донишҷӯи варзишкори донишкада Бегзоди Раҳмиддинро, ки дар мусобиқаи кушоди шаҳри Истаравшан оид ба қоидаҳои IRIGUMIGO ширкат варзида, дар вазни 63 кг соҳиби ҷойи аввал ва аз ҷониби Федератсияи Айкидои Тоҷикистон соҳиби Диплом ва камарбанд гардидааст, табрику таҳният гуфта, тибқи дастури ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва “Низомномаи ҳавасмандгардонӣ” бо мукофот ва сипосномаи раёсат қадрдонӣ намуд.
Муовини аввали ректор дотсент Давлатзода Давлат ба донишҷӯ ҷиҳати ширкати фаъол дар чорабиниҳои варзишӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, таъкид намуд, ки ҳар як ҷавонмард бояд ба ҷуз хубу аъло хондан, мутахассиси хуб будан, бояд дар яке аз риштаҳои варзиш муваффақият дошта бошад. Чунки машғул шудан ба варзиш ин аз оини мардонагӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар донишкада кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандӣ фаъол аст, ки дар он тамоми шароит барои донишҷӯён баҳри ва омӯзиш муҳайё карда шудааст.
 
Шуъбаи иттилоот
📝М.Саидов