БОЗДИД ВА МУЛОҚОТИ ДАВЛАТЗОДА ДАВЛАТ БО ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ МЕТАЛЛУРГИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ ЗАРГАРӢ ВА КАФЕДРАИ СОХТМОН ВА КОРҲОИ МАРКШЕЙДЕРӢ

Имрӯз, тибқи дастуру супориши ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ муовини аввали ректор дотсент Давлатзода Давлат аз кафедраи металлургия ва технологияҳои заргарӣ, кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ боздид ба амал оварда, аз ҳолати синфхонаҳо, ҳуҷраҳои кории омӯзгорон дида, бо омӯзгорону кормандон суҳбат намуд.
Тибқи дастур ва ғамхориҳои роҳбарияти донишкада ба кафедраи металлургия ва технологияҳои заргарӣ синфхонаҳои нав дода шуд.
Муовини аввали ректор Давлатзода Давлат зимни боздид ва мулоқот ба омӯзгорон таъкид намуд, ки дар кори худ содиқ бошанд ва ба фарзанди мардум ҳамчун фарзанди худ ғамхорӣ намоянду таълим диҳанд. Чӣ мушкилоту камбудие доранд ба раёсати донишкада муроҷиат намоянд. Роҳбари донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ шахси ҳалиму ғамхор ҳастанд ва ҳамеша омӯзгорони асилро дастгирӣ менамоянд.
Давлатзода Давлат ҳамчун ҷавони фаъолу ташаббускор ва маорифпарвари ҷавон, пайрави асили Пешвои муаззами миллат ба омӯзгорони ҷавон тавсия дод, ки омӯзгорони солманд ва нафақахӯрро дастгирӣ намоянд ва семинарҳои методӣ ташкил намуда, таҷрибаи ононро омӯзанд.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон соли 2006 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст ва имрӯз аксарияти омӯзгорони ин даргоҳ таҷрибаи баланди кор дар истеҳсолотро доранд, ки барои тадриси мутахассисони варзидаи соҳа истифодаи таҷриба хеле муҳим мебошад.
Шуъбаи иттилоот
📝М. Саидов