Имрӯз, дар толори синфхонаи компютерии донишкада дарси махсуси дотсент Осими Оқил аз фанни “Асосҳои макромайн” дар мавзуи “Шиносоӣ бо муҳити графикии визекс” баргузор гардид. Зимни баргузории дарс дотсент Осими Оқил мавзуро ба донишҷӯён шаҳру тавзеҳ дода, ҷиҳати ҳалли масъалаи барномавӣ ба донишҷӯён супориш дод. Донишҷӯён бо истифода аз машварат ва роҳнамоии омӯзгор Осими Оқил масъаларо ба таври истифодаи фаъол аз барномаи “Макромайн” дар фурсати кӯтоҳ ҳал намуданд. Дар ҷараёни ҳалли масъала Осими Оқил яке аз омӯзгорони фаъол ва пешгому соҳибтаҷриба ба суолҳои соҳавӣ посух дода, роҳҳо ва усулҳои мутобиқсозиро ба муҳити пажӯҳишӣ нишон дод.
Ёдовар мешавем, ки фанни “Асосҳои макромайн” аз фанҳои нави тахассусӣ ва бисёр ҳам зарурӣ барои таълими ихтисосҳои кӯҳкориву геология буда, корҳои геологӣ иктишофиро хеле осон ва сабук менамояд. Бо пеш рафтани техникаву технология бо рушди барномаҳои муосири соҳавӣ дар соҳаи кӯҳкориву иктишофи геологӣ низ тағйироти куллӣ ба амал омад, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон низ дар омӯз ва тадриси донишҷӯён аз имконот ва фанновариҳои муосир истифода менамояд.
Ҷиҳати боз ҳам замонавитар ва омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон соли 2019 бо ширкати австралиягии “Micromine LTD” шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, баҳри пешрафти корҳо, пажӯҳиш ва таҳқиқот ворид намудани тағйирот ба раванди таълм, дастрасӣ ба барномаҳои муосири соҳавӣ доимо супориш медиҳад.
Қайд намудан лозим аст, ки дар раванди таълим омӯзгорони донишкада қаблан аз барномаҳои компютерии “Автокад”, “Архикад”, “Аргис”, “Датамайн”, “Корелдрайв” низ истифода мебурданд ва вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва навгониву тағйирот дар соҳа аз пешрафтатарин барномаҳо барои омӯзиши донишҷӯён истифода бурда мешавад.
Омӯзгорони донишкада аз ҷумла дотсент Осими Оқил аз омӯзгорони пешсаф ва муваффақу эҷодкор буда, таҷрибаи омӯзиш ва таҳқиқро дар хориҷ гирифтаанд, ки ин барои омода намудани мутахассисони варзидаву муосир ва пешрафтаву ҳушёру кордон мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона донишкадаи соҳавӣ дар кишвар буда, дар самтҳои кӯҳкориву металлургия, энергетикаву мошинсозӣ ва заргариву зеҳни сунъӣ, иқтисодиёту экология мутахассисонро бо истифода аз барномаҳои муосири таълимӣ омода менамояд. Сардори раёсати таълим дотсент Осими Оқил аз омӯзгорони фаъол ва мутахассисони варзидаи соҳа буда, баҳри рушди соҳа доимо талош менамояду дар ин самт як қатор корҳои пажӯҳиширо анҷом додааст. Аз ҷумла нашри “Фарҳанги истилоҳои корҳои кӯҳӣ” низ маҳз ба қалами устод Осими Оқил тааллуқ дорад ва ин аввалин фарҳанги соҳаи кӯҳкорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таҳия намудааст.
Шуъбаи иттилоот
М. Саидов