Баргузории ҷаласаи навбатии раёсати донишкада

Имрӯз, дар толори Шурои олимони донишкада ҷаласаи навбатии раёсати донишкада баргузор гардид. Тибқи дастури ректори профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷаласаи раёсатро муовини аввали ректор Давлатзода Давлат баргузор намуда, роҷеъ ба масъалаҳои баррасишаванда аз ҷумла омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, пайгирии хатмкунандагон ва санҷиши рафти таҷрибаомӯзӣ, ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатӣ, ҷараёни таъмиру таҷдиди синфхонаҳо, ҳуҷраҳои корӣ, сафарбарнамоии донишҷӯён ба олимпиадаҳову озмунҳои ҷумҳуриявӣ, кори филиалҳои кафедраҳо дар назди корхонаҳои саноатӣ, интизоми меҳнат, баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ ва ҷалби донишҷӯён ба маҳфилҳои забономӯзиву ихтироъкорӣ суханронӣ намуд.

Дар ҷаласа, ҳамчунин муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон суханронӣ намуда, роҷеъ ба дастоварҳо дар самтҳои хеш иттилоъ доданд.

Ҳамчунин, дар ҷаласаи раёсати донишкада, ҳисоботи гурӯҳи корӣ роҷеъ ба омӯзиши вазъи таҷрибаомӯзии донишҷӯён шунида шуд, ки тибқи фармомиши ректор сардори гурӯҳи корӣ Осими Оқил, дотсент Ашӯров Хайриддин, дотсент  Саидов Асомиддин, дотсент Юсупов Хуршед аз ҳолати мазкур дар факултетҳои электромеханика, корҳои кӯҳӣ, металлургия, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав гузориш доданд.

Ҳамзамон,  дар кори ҷаласа гузориши деканҳо, мудирони кафедраҳои тахассусӣ ва сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус шунида шуд.

Шуъбаи иттилоот

М. Саидов