
Имрӯз, ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар даври вилоятӣ аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аз ҷониби раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода бо Сипоснома ва туҳфаҳои молӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ёдовар мешавем , ки аз донишкада дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар номинатсияи “Ихтироъкорӣ” донишҷӯи бахши дуюм Аминзода Хисрав соҳиби ҷойи аввал, магистранти донишкада Қозизода Муҳсин соҳиби ҷойи дуюм, дар номинатсияи “География” Нуриллозода Ҷумъабой соҳиби ҷойи сеюм ва омӯзгори ҷавон ва фаъоли донишкада Анӯшервон Почоев дар номинатсияи “Ихтироъкорӣ” соҳиби ҷойи сеюм гардиданд, ки имрӯз пурра қадрдонӣ карда шуданд.
Ин дастоварди илмиро ба ҳайати профессорию омӯзгории донишкада табрику таҳният гуфта, ба ғолибон барои дастовардҳои навбатӣ дар даври ҷумҳуриявӣ комёбӣ ва муваффақият таманно менамоем.
Шуъбаи иттилоот
