
Имрӯз профессор Умарҷонов Абдусафо аз усулҳои нави таълим истифода бурда, таҷрибаи нави кор бо манбаъҳоро ба донишҷӯёни бахши чаҳоруми ихтисоси 360101 нишон дод.
Профессор Умарҷонов Абдусафо зимни дарёфти китобҳои нодир, ки аз манбаъ ва сарчашмаҳои хуби таълимӣ маҳсуб меёбад, дар мавзуи “Усулҳои коркарди ҷузъҳои слиндирӣ” суҳбат карда, китобҳои нодирро ба дасти донишҷӯён дода, назару шарҳи илмии чандин олимони соҳаро ба донишҷӯён манзур намуд.
Мавсуф ба донишҷӯён роҳҳои ҳалли масъала ва коркардро шарҳ дода, изҳор дошт, ки барои ёфтани ҳалли як муаммо чандин олимон кор кардаанд ва ҳамаи ин натиҷаи пажӯҳиш ва таҳқиқоти илмӣ аст, ки ба Шумо мо омӯзгорон дарс медиҳем.
Профессор Умарҷонов Абдусафо ба донишҷӯён мустақилона вазифагузорӣ намуда, тарзи аз сарчашмаҳои илмӣ истифода бурданро омӯзонд.
Донишҷӯён аз ин тарзи дарсгузарӣ ва кор бо сарчашмаҳову адабиёти илмӣ- таълимӣ хеле хушҳол шуда, фаъолона масъалаҳоро ҳал намуданд.
Ёдовар мешавем, ки профессор Умарҷонов Абдусафо аз омӯзгорони пешсаф ва соҳибтаҷриба буда, ҳамчун олим ва пажӯҳишгар шуҳрати ҷаҳонӣ дорад.
Шуъбаи иттилоот
