ШИРКАТИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДА ПРОФЕССОР БАХТИЁР МАҲМАДАЛӢ ДАР ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲАИ ВАЗОРАТ

Санаи 6-уми октябри соли 2025 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он ректори донишкадаи профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ширкат намуд.
Дар ҷаласаи мазкур фаъолияти вазорат дар нуҳ моҳи соли равон мавриди баррасӣ қарордода шуд.
Тибқи иттилои расмӣ дар ин ҷаласа вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, намояндаҳои вазорату идораҳо, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ширкат доштанд.
Шуъбаи иттилоот