Рӯзи забони давлатӣ дар хобгоҳ таҷлил карда шуд

Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар хобгоҳи рақами яки донишкада аз ҷониби омӯзгорони кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ чорабинӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ роҷеъ ба мақому манзалати забони давлатӣ, Саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони тоҷикӣ, масъалаҳои омӯзиш ва таърихи забони давлатӣ омӯзгорон Бақоев Беҳзод, Одинаев Ғаюр ва Силмонова Сурма суханронӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар донишкада бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ як қатор чорабиниҳо гузаронида шуд, ки ҳамаи ин аз муҳаббат ба забони тоҷикӣ сарчашма мегирад.

Шуъбаи иттилоот