БОЗДИДИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДА ПРОФЕССОР БАХТИЁР МАҲМАДАЛӢ АЗ ФАКУЛТЕТИ ЭЛЕКТРОМЕХАНИКА

Санаи сеюми октябр ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз факултети электромеханика боздид ба амал оварда бо садорат ва омӯзгорони кафедраи таъминоти барқ мулоқот намуд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалиро муовини аввали ректор Давлатзода Давлат ҳамроҳӣ намуд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ нахуст аз ҳолу аҳволи кормандон пурсида, сипас роҷеъ ба шароити корӣ, имконияти мавҷуда, навиштани лоиҳаву барномаҳои муҳими самтӣ суҳбат намуд.
Зимни суҳбат профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолуддин ҷиҳати фаъолияти садоқатмандонаву пурсамар, саҳми арзанда дар рушди таълиму тарбия ва корҳои ҷамъиятӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, изҳор дошт, ки ҳамчун мутахассиси варзида ва соҳибтаҷриба кадрҳои ҷавонро тарбия намоянд.
Ҳамчунин, дар факултети электромеханика ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии муовини аввали ректор Давлатзода Давлат аз озмоишгоҳи “Манбаъҳои барқароршавандаи энергия” дидан намуда ба мудири кафедраи таъминоти барқ Абдуллоев Муҳаммадхӯҷа ташаккур гуфта, машварат доданд, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароит, беҳтар ба роҳ мондани кори кафедра, ҷалби довталабон, ҳамкорӣ бо корхонаҳову муассисаҳои соҳавӣ машварат доданд.
Таъкид карда шуд, ки факултети электромеханика яке аз факултетҳои беҳтарин дар донишкада буда, тарзи пешбурди кор, тарбияи донишҷӯён, ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатӣ, раванди таълим дар он дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.
Шуъбаи иттилоот
М. Саидов