
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон семинар- машварати кормандони Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот” дар мавзуи “Асосҳои моликияти зеҳнӣ” баргузор гардид.
Чорабиниро муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба мақсаду ҳадафҳои семинар, масъалаҳои баррасишаванда сухан ронда, ҳифзи моликияти зеҳниро дар шароити муосир муҳим хонд.
Сипас, кормандону мутахассисони МД ММПИ роҷеъ ба мавзуоти муҳиму зарурӣ маърӯза намуда, мушкилот ва муаммоҳои мавҷударо шарҳ дода, ҷиҳати ҳифзи саривақтии моликияти зеҳнӣ машваратҳои муфид ироа намуданд.
Шуъбаи иттилоот