Таҷлили Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ дар донишкада

Имрӯз, дар маҷлисгоҳи калони донишкада чорабинии бошукӯҳ бахшида ба Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ бо ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ,  раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Манзура Юнусӣ ва кормандону омӯзгорон, донишҷӯён баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳозиринро ба Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният гуфта, сипас ихҳор дошт, ки забон пояи асосии миллат ва воситаи интиқоли дониш, фарҳанг ва арзишҳои маънавӣ мебошад. Омӯзгор шахсе мебошад, ки ин забон ва донишро ба наслҳои оянда мерасонад. Гиромидошти забон ва омӯзгор дар як рӯз тасдиқи он аст, ки миллат бе забон ва бе муаллим наметавонад рушд кунад ва ояндаи пойдор дошта бошад.

Дар ҷомеаи муосир нақши омӯзгор ва забони модарӣ дар рушди маърифат, фарҳанг ва сиёсат бениҳоят бузург аст. Омӯзгорон чун неруи эҷодии ҷомеа на танҳо дониши назариявӣ меомӯзонанд, балки ҷаҳонбинии ҷавононро ташаккул дода, арзишҳои инсониро дар шуури онҳо бедор месозанд. Забони модарӣ воситаи асосии ҳифзи асолати миллӣ ва мероси фарҳангӣ мебошад.

Ҳамзамон дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Манзура Юнусӣ  суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ин ду санаи муҳим табрику таҳният гуфт.

Сипас, чорабинии фарҳангӣ бо ширкати сарояндагону ҳунармандони маъруф манзури ҳозирин гардонида шуд.

Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон, ба раиси Иттифоқи мутаҳҳидаи касабаи донишкада ва дигар кормандону омӯзгорон ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинӣ, изҳори миннатдорӣ баён карда, изҳор дошт, ки барои Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ бояд чунин чорабиниҳои сатҳи баланд баргузор кард.

Шуъбаи иттилоот

М. Саидов