Имрӯз, мудири кафедраи металлургия ва технологияи заргарӣ Раҳимзода Ҳаёт донишҷӯёни бахши дуюми ихтисоси металлургияи металлҳои рангаро ба Комбинати металлургии Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор дорад, бурда аз фанни “муқаддимаи ихтисос” дарси амалӣ гузашт. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани илм дар истеҳсолот ва нақшаи раёсати таълим тамоми дарсҳои амалии донишҷӯён дар корхонаҳои саноатӣ баргузор карда мешавад. Ва ҳамин аст, ки донишҷӯёни кафедраи металлургия ва технологияи заргарӣ аксарияти дарсҳои хешро зери роҳбарии мудири кафедра Раҳимзода Ҳаёт дар назди корхонаҳои саноатӣ мегузаранд.
Дар ин ташриф ба корхонаи саноатӣ Раҳимзода Ҳаёт донишҷӯёнро бо тарзи коркарди металл, риояи техникаи бехатарӣ, истифодаи таҷҳизоти истифодашаванда, формулаҳои ёрирасон шинос намуда, ба онон ҷиҳати боз ҳам наздиктар шудан ба ҳолати кор, истифодаи оқилонаи озмоишгоҳ ва таҷҳизоти коркардкунанда чанд машварати муфид дод.
Ёдовар мешавем, ки кафедраи металлургия ва технологияи заргарӣ аз фаъолтарин кафедраҳои факултети металлургияи донишкада буда, дар назли се корхонаи саноатӣ филиалҳои худро боз кардааст.