ТАҶЛИЛИ 34-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШКАДА

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба 34-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён чорабинии идона баргузор карда шуд.
Чорабинии идораро нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ин 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, сипас роҷеъ ба истиқлолият ва дастовардҳои он изҳори андеша кард. Мавсуф иброз дошт, ки боиси фараҳ ва шодист, ки соли 1991 давлати тоҷикон — Тоҷикистони азиз соҳибистиқлол гардид ва шуруъ аз ҳамон рӯз ба зиндагии мардуми мо нафаси тоза ворид шуд.
Ҳоло Тоҷикистон аз мамлакати рӯ ба рушд ба давлати тараққиёфта табдил ёфтааст, ки ин бурди бузург ва муваффақияти хеле назаррас мебошад. Дар фурсати кӯтоҳе мо ба даствовардҳои беназир ва бузург ноил гардидем, ки дар он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр ҳам бузург мебошад. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки миллатро аз парокандагӣ наҷот дода, ҷомеаро ба ҳам оварданд ва арзишҳои фарҳангиву миллии моро ҳифз намуданд, ки ин кори саҳлу сода нест. Талошҳои Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими истиқлолият ва муаррифии қудрати миллат дар арсаи ҷаҳонӣ басе бузург ҳастанд ва ҳамин аст, ки аксарият ин муваффақияти тоҷикон ва ҷонфидоии Сарвари маҳбуби ҷумҳуриро тавсиф менамоянд. Ба заҳмату талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониён баҳои баланд додаанд. Ҳамон гуна, ки яке аз собиқ сарварони Амрико гуфтааст: «Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи барои давлаташ бениҳоят мураккаб инони давлатро ба даст гирифт. Аммо ӯ тавонист дар давраи кӯтоҳ сулҳро дар мамлакат барқарор созад ва ба арсаи байналмилалӣ ворид шавад. Чунин сиёсатмадорон ангуштшумор ҳастанд».
Воқеан ҳам ин як ҳақиқати бебаҳс аст. Ва миллати тоҷик ин хизматҳо ва ҷонфидоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаргиз фаромӯш намесозад.
Имрӯз миллати сарбаланди тоҷик саодатмандона зиндагӣ дорад, аз мушкилоти зиёди дохиливу хориҷӣ вораҳида, ба масири нав қадам мезанад, ки ин аз бузургии миллати тоҷик ва талошу ҷонфидоии Қаҳрамони миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад…
Ҳамчунин, профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ изҳор дошт, ки боиси ифтихор аст, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ таъсис дода шудааст ва мо бояд мутахассисони варзидаи соҳавиро барои Ватан омада намоем. То, дар рушди Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.
Сипас, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон Шаҳноза Каримӣ номаи табрикотии раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозодаро ба самъи ҳозирин расонида, ҳайати профессорию омӯзгориро ба 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфт.
Сипас, омӯзгори фаъоли донишкада муаррихи варзида Анвар Саидов пиромуни Таърихи пайдоиши истиқлолият ва аҳамияти сиёсиву байналмиллалии он суханронӣ намуда, ҳамагонро ба санаи мубораки 34- умин солгарди истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфт.
Дар чорабинии имрӯза як қатор омӯзгорону кормандони донишкада бо Сипосномаву Ифтихорномаи раёсати донишкада қадрдонӣ карда шуданд.
Сипас, барномаи рангини фарҳангиву ҳунарӣ аз ҷониби ансамбли “Ҷилои Ёқут”-и донишкада ва ширкати овозхонҳои маъруфи кишвар манзури ҳозирин гардонида шуд.
Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба овозхонҳо ва муовини ректор оид ба тарбия Мирзозода Воҳидҷон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.