Семинари машваратӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ

Имрӯз дар кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати омӯзгорону донишҷӯён семинари машваратӣ баргузор гардид. 

Чорабиниро нахуст мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Облоқулов Воҳидҷон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба моҳият ва нақши он дар таърихи давлатдории тоҷикон ва ҳамчунин арҷгузорӣ ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронд. Ҳамзамон, мавсуф илова намуд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.

Сипас, дар чорабинии мазкур мудири кафедраи менеҷмент омӯзгори фаъол ва муваффақ номзади илмҳои иқтисодӣ Собирова Шукринисо суханронӣ намуда, аҳамияти Парчамро дар давлатдории тоҷикон муҳим ҳисобид…

Ҳамчунин дар ин  чорабинӣ директори китобхонаи илмӣ-электронии донишкада Узбекова Ф., сардори шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа Муслимзода Хайём ва ду нафар донишҷӯён роҷеъ ба нақшу мақом ва ҷойгоҳи Парчами давлатӣ ва аҳамияти қомат афрохтани он суханронӣ намуданд.

Дар интиҳо суҳбати озод сурат гирифт, ки омӯзгорону аъзоёни кафедра фикру андешаҳои хешро роҷеъ ба арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ баён намуданд.