Машқи пагоҳирӯзии донишҷӯён таҳти унвони “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст”

Субҳи 19-уми ноябр бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар назди хобгоҳи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон  бо донишҷӯён машқи пагоҳирӯзӣ таҳти унвони “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст” гузаронида, шуд. 

Дар машқи пагоҳирӯзӣ донишҷӯён фаъолона ширкат намуда, ба обу тоби бадан машғул гардиданд.