Оғози бозиҳои варзишии дӯстона байни кормандони донишкада

Тавре, ки дирӯз сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Насриддинов Шаҳбоз иттилоъ дод, имрӯзҳо дар донишкада давраи бозиҳои дӯстонаи варзишӣ байни кормандони донишкада идома дорад ва дар он дастаҳо байни факултетҳо, кафедраҳо ва раёсат рақобат доранд.

Дар мусобиқаҳои мазкур, ки дар майдончаҳои варзишии донишкада баргузор мегардад, дастае ғолиб меояд, ки аз ҳама холҳои бештарро ба даст оварда бошад.