Баргузории семинар ва баррасии мақолаи профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар китобхона

Дирӯз, соати 10:00 дар толори китобхонаи илмӣ – электрони донишкада бо якҷояги бо омӯзгорони  кафераи геология ва нафту газ Ғуломҳайдарова Х. Восихов Ш ва бо  иштироки  донишҷуёни бахши 3 ихтисоси 510201 семинари илмӣ бахшида ба Рӯзи геологҳо  гузаронида шуд.

Нахуст директори китобхона Танжихолова Шаҳнозахон семинарро ифтитоҳ намуда, оид ба соҳаи геогия ва адабиётҳои ба ин соҳа бахшида шудаи мавҷуд дар китобхона маълумоти мухтасаре дода, сипас  суханро ба омӯзгор Восихов Ш. дод.  Омӯзгор Восихов Шоҳрух  оид ба  мақолаи ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, ки дар АМИТ “Ховар” бахшида ба рӯзи геологҳо нашр гардид, сухан ронда, ба ҳозирин мутолиаи онро ҳатмӣ донист.

Сипас, суолу ҷавоб  сурат гирифт, ки донишҷӯён ба монанди  Мусове Ш., Ахмадалиев Ш., Аловидинзода Б., ва Қамаров Б. дар он  фаъол будандан.

Дар интиҳо, Восихов Ш. аз ширкати фаъоли донишҷӯён изҳори миннатдорӣ намуда, ба ҳамагон навиштани таассуроти худро дар гӯшаи алоҳида тавсия доданд.