Мизи мудаввар оид ба иҷроиши барномаҳои давлатӣ дар кафедраи экология

Дирӯз,  дар кафедраи экологияи факултети металлургия бо ибтикори ассистенти кафедра Назарова М.Э. мизи мудаввар баргузор гардид,  ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот мудири кафедраи мазкур Ҳоҷибоев Далер иттилоъ дод.  Чорабинӣ вобаста ба иҷроиши нақша-чорабиниҳои кафедра доир ба Барномаи давлатии “маҷмӯъии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва Корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра барои солҳои 2021-2025 шуда гузашт. Модератори чорабинӣ Назарова Маҳинахон дар аввал, иштирокчиёнро бо барнома ва маърӯзачиён шинос намуд ва оид ба аҳамияти гузаронидани чунин чорабиниҳо суханронӣ намуд.  

Дар чорабинӣ намояндагони шуъбаҳои донишкада, намояндагони деканати факултети металлургия ва соҳаи саноат – директори ҶСП «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ»   Почоев А.Ҳ. низ иштирок намуданд.

Баъди шиносоӣ бо барномаи мизи мудаввар, доктори илмҳои техникӣ, профессор Розиқов Зафар  доир ба қабул гаштани “Барномаи давлатии маҷмӯъии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва фаъолияти кафедра дар ин самт маърӯза намуданд. Дар маърӯза, оид ба қабул шудани  “Барномаи маърифат ва тарбияи экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2000 ва дар давраи то соли 2010” дар соли 1996, ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ” дар соли 2011, қабул гаштани  “Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020”  ва инчунин оид ба Барномаи амалкунанда, ки то соли 2025 идома меёбад, барои иштирокчиён маълумотҳо пешкаш гардид.

“Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ки моҳи апрели соли ҷорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар 2 замима) тасдиқ гардид,  марҳилаҳои асосии ташаккули маърифат ва тарбияи аҳолиро дар ҳама сатҳҳо, аз ҷумла томактабӣ, таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ), ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ инъикос мекунад. Мақсади Барнома аз муносибати эҳтиёткорона ва эҳтиромона зоҳир намудан ба муҳити зист, риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар раванди муносибат бо табиат ва истифодаи захираҳои табиӣ ва таблиғоти ҳадафҳои экологӣ иборат мебошад.

Баъдан доир ба иҷроиши корҳои илмӣ-таҳқиқотии кафеда, ки  барои солҳои 2021-2025 тасдиқ шудааст,  мудири кафедра Ҳоҷибоев Д.Д. баромад намуда, изҳор дошт: “имрӯзҳо дар тамоми дунё ба ҳифзи муҳити зист, махсусан баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мегардад, чунки аз он некуаҳволӣ ва саломатии одамон вобаста аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зистро дар мадди аввали сиёсати давлатии хеш қарор дода, барои беҳбудии он ғамхории доимӣ зоҳир менамояд. Замони соҳибистиқлолии кишвар якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд, ки барои таъмини амнияти экологӣ ва шароити мусоиди зиндагии мардум заминаи боэътимод фароҳам оварданд. Яке аз онҳо Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2021-2025 мебошад”.

Доир ба самти саноатикунонии босуръати кишвар ва  фаъолияти корхонаи коркарди санги ҶСП «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ» Директори корхона  Почоев А.Ҳ. маърӯза намуданд.  Корхонаи нави саноатӣ дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълони солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат» аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ» таъсис дода шудааст. Корхонаи коркарди санг дар давоми як сол дар масоҳати зиёда аз як гектар бунёд гардида, бо технологияи пешрафта муҷаҳҳаз карда шудааст. Ба корхона ҷиҳати босифат коркард намудани санг ва ба талаботи бозори ҷаҳонӣ омода намудани сангҳои ороишӣ ба шакл ва андозаи муайян технологияро аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид намудаанд. 

Почоев А.Ҳ. қайд намуд, ки корхона иқтидори калони коркардро доро буда, дар он сангҳои хоро, мармар оҳаксанг ва ғайра бо сифати баланд коркард ва аз он маҳсулоти тайёр истеҳсол карда мешавад.

          Баъди маърӯза модератор Назарова М.Э. қайд намуд ки, Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул намуд, ва он барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина амиқ мегузорад.  Бинобар ин, айни замон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятҳоро доир ба ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои навъи истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ, вусъат бахшида истодааст.

Дар мавзӯъи “Ҳолати имрӯзаи партовгоҳҳои радиоактивӣ” номзади илмҳои техникӣ, дотсент Ҳоҷиён М.Қ.  баромад намуда доир ба таърихи пайдошавии партовгоҳҳои мазкур дар вилояти Суғд ва миқдори онҳо дар партовгоҳҳои Деҳмой ва дигар партовгоҳҳо маълумот пешниҳод намуд. Қайд карда шуд, ки  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рӯйпушкунӣ ва азнавбарқароркунии ин партовгоҳҳо дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд корҳои назаррас анҷом дода шуда истодааст.

Баъди маърӯзаҳо аз тарафи иштирокчиён ба баромадкунандагон саволҳо дода шуд, ки маърӯзачиён   посухҳои мушаххас доданд. Иштирокчиён қайд намуданд, ки гузаронидани  ингуна чорабинҳо барои баланд бардоштани маърифат ва рушди тарбияи аҳолӣ бисёр муфид мебошад. Ҳамзамон, аз ҷониби иштирокчиён ба модератори чорабинӣ Назарова М.Э. барои ташкили чорабинӣ дар сатҳи баланд изҳори миннатдорӣ баён карда шуд.