«РОҒУН НАВИДИ ФАТҲ АСТ…». Баробари ба истифода додани агрегати аввали НБО «Роғун» Тоҷикистон боз ҳам нурафшонтар мешавад

Яке аз ҳадафҳои асосии стратегии давлату Ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон- ин расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мансуб меёбад. Он рӯз дур нест, ки дар партави нури «Роғун» парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тоза хоҳад гирифт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо татбиқи сиёсати дурандешона ва башардӯстонаи худ барои мардуми кишвар ғамхорӣ менамоянд. То имрӯз дар Тоҷикистон роҳҳову пулҳои мошингузар, нақбҳо ва иншооти гидроэнергетикӣ бунёд шудаанд, ки аксари онҳо аҳамияти минтақавӣ доранд ва ба манфиати Тоҷикистону кишварҳои ҳамсоя равона гардидаанд. Ин сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлати Тоҷикистон аз ҷониби сарони кишварҳо эътирофу борҳо қадршиносӣ гардидааст.

Ҳамагон хуб огаҳанд, ки 29 октябри соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ пушти булдозери вазнин нишаста, аз соати 10-и субҳ то 11:30, расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» оғоз бахшиданд. Ин тадбири муҳим ба хотири вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ин иншооти стратегӣ- Неругоҳи барқи обии «Роғун» равона шуда буд, ки ҳадаф аз он расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад.

Инак, рӯзҳои ба шумор мондаанд, ки тавассути дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат агрегати аввали НБО-и «Роғун» ба истифода дода шавад. Яъне орзуву омоли деринтизори мардуми тоҷик амалӣ хоҳад гашт.

Албатта, маълум аст, ки бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмӯъ, пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани неругоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбанд. Ва ин иншооти аср — «Роғун» дар оянда ҳамчун манбаи нур Тоҷикистонро ба ахтари ҳамеша тобон табдил хоҳад дод.

Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистон комилан қонеъ гардида, ба инкишофи иқтисодиёти кишвар такон бахшида шавад. Неругоҳи барқи обии «Роғун» аҳамияти на танҳо ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ низ дорад. Баъди бунёди ин иншооти муҳими гидроэнергетикӣ ва тавассути барномаи КАСА-1000 Тоҷикистон дар оянда ҳамчун як кишвари содиркунандаи неруи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза метавонад кишварҳои ҳамсоя ва минтақа, аз ҷумла Покистону Афғонистон ва дигар кишварҳоро бо барқи хушсифат таъмин намояд.

Тавре шоир мегӯяд:

Бунёди Роғун армони миллати мост!

Неруи он фазояд, неруи қудрати мост!

Роғун калиди фатҳ аст, Роғун навиди фатҳ аст,

Боби наве кушояд, дар рушди давлати мо.

Бояд гуфт, ки дар ин росто Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб миёни табақаҳои гуногуни ҷомеа доир ба аҳамияти таърихӣ доштани НБО-и «Роғун» корҳои тарғиботиро вусъат бахшида, мардумро ба истифодаи босамари неруи барқ даъват менамояд.

Барҳақ, фардои дурахшони Тоҷикистон аз бунёди НБО-и «Роғун» вобастагии калон дорад. «Роғун» ҳамчун кохи азими нур Тоҷикистонро ба зинаи нави тараққиёт мерасонад ва Ватани ободу шукуфони мо боз ҳам нурафшонтар хоҳад гашт.

 

 Саъбагул ВАЛИЕВА,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

http://khovar.tj/2018/11/ro-un-navidi-fat-ast-barobari-ba-istifoda-dodani-agregati-avvali-nbo-ro-un-to-ikiston-boz-am-nurafshontar-meshavad/