Ҷараёни таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар факултети металлургия

Донишҷӯёни бахши дуюм давраи таҷрибаомӯзии хешро дар факултетит металлургия зери роҳбарии Беҳзод Бақоев гузарониданд. Дар рафти таҷрибаомӯзӣ нахуст ба донишҷӯён озмоишгоҳҳо, тарзи кор, омода намудани ҳуҷҷатҳо, тартиби коргузорӣ, таҳияи нақшаҳои кор дар озмоишгоҳҳо, сохтани нақшаҳои дурнамои соҳавӣ ва дигар самтҳои вобаста ба ихтисос фаҳмонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки донишҷӯёни донишкада тибқи роҳхат барои пурра гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ба корхонаҳои саноатӣ сафарбар гардиданд ва қисме аз донишҷӯён ҳамчунин давраи таҷрибаомӯзиро дар донишкада низ мегузаронанд.

Шуъбаи иттилоот