Ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ дар ДКМТ

Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон солҳои 2019-2021-ро  «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ » эълон намуданд. Мо, ҷавонон ҳамчун нерўи  созанда  ин иқдоми Пешвои миллатро бо руҳбаландии бузург истиқбол намудем. Зеро саҳми ҷавонон дар рушди сайёҳӣ ва варзиш басо арзишманд мебошад.

          Бинобар ҳамин Шуъбаи кор бо ҷавонони  Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз санаи 18.01.2020 то санаи 22.01.2020 соли равон мусобиқаҳои варзиширо аз рўи  намуди футболи хурд, волейбол ва шоҳмот байни дастаҳои 3 факултет ва  сохтору шуъбаҳои донишкада баргузор намуд, ки дар ин мусобиқа  омўзгорон ва кормандон бо як руҳу илҳоми тоза ва шукргузорӣ аз файзи Истиқлолу Ваҳдати миллӣ  таҳти шиори «Варзиш гарави саломатӣ» иштирок намуданд.

          Дар анҷоми мусобиқа ҳамаи дастаҳо ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд,ки  Раёсати донишкада аҳли иштирокчиёни мусобиқаро бо ҷом ва туҳфаҳо қадрдони намуд.   

Ҷадвали ниҳоии ҳакамони мусобиқоти варзишӣ:

Дар ин мусобиқа аз рӯи намуди футболи хурд:

дастаи факултети  Корҳои куҳӣ сазовори ҷои I,

дастаи  Раёсат  сазовори ҷои II, 

          дастаи факултети Электромеханика сазовори ҷои III,

         Аз рӯи намуди волейбол :

дастаи  Раёсат  сазовори ҷои I, 

дастаи факултети  Корҳои куҳӣ сазовори ҷои II,

          дастаи факултети Электромеханика сазовори ҷои III,

         Аз рӯи намуди шоҳмот:

дастаи факултети Электромеханика сазовори ҷои I, 

          дастаи факултети Корҳои куҳӣ сазовори ҷои II,

          дастаи факултети Металлургия сазовори ҷои III,