Ҷаласа бо мураббиён ва масъулони назоратӣ дар факултети корҳои кӯҳӣ

Имрӯз дар факултети корҳои кӯҳӣ бо ширкати муовинон,  мураббиён ва эдвайзерон ҷаласаи назоратӣ ҷиҳати фаҳмонидани нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии сифати таҳсилот, ширкати донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, баргузории маҳфилҳо, ширкати фаъол дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ, баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва пурра супоридани маблағи таҳсил аз ҷониби донишҷӯён  баргузор гардид.  Ҷаласаро декани факултети корҳои кӯҳӣ дотсент Самадова Гули ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои зикргардида, ба масъулин дастуру супориш дод. Мавсуф таъкид намуд, ки дар фурсати камтарин бояд донишҷӯён маблағҳои таҳсилро супоранд, қоидаву қоидаҳои донишҷӯиро риоя намуда, саривақт ба дарсҳо бо омодагӣ ҳозир шаванд. Мураббиён бояд бо донишҷӯён доим дар тамос бошанд ва ҳар як қадами онҳоро назорат кунанд, то донишҷӯён ба корҳои нодуруст ва амалҳои номатлуб даст назананд. Корҳои фаҳмондадиҳӣ бояд байни донишҷӯён бештар карда шавад, то моҳияти ҳар як масъаларо дарк кунанду ба қадри вақти худ бирасанд. Донишҷӯён бояд вақти хешро беҳуда сарф накунанд ва аз пайи омӯзиш бошанд ва дар ин роҳ мураббиёни гурӯҳҳо бояд ба онон мусоидат кунанд.

дар интиҳои ҷаласа чанд масъалаи муҳими дигар барраси карда шуда, декани факултет ба масъули дастуру супоришҳои роҳбарияти донишкадаро расонид.