Баргузории ҷашни Сада дар донишкада

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷашни Сада ботантана таҷлил карда шуд. Дар толори калони донишкада бахшида ба ин ҷашни муҳими аҷдодӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабиниро нахуст муовини ректор оид ба корҳои тарбия Аминҷонова Мавлудахон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба ҷашни миллии тоҷикон – Сада ва ҷиҳати ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри эҳёи ин ҷашни миллӣ суханронӣ кард. Мавсуф таъкид намуд, ки Сада аз қадимтарин ҷашнҳои миллати тоҷик буда, маҳз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат дар даврони истиқлолияти кишвар эҳё карда шуд.

Баъдан, омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтмоӣ Саноат дар мавриди таърихи пайдоиши ҷашни Сада маърӯза хонд. Дар интиҳо, барномаи рангини фарҳангӣ- фароғатӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.