АКСИЯ: ХИДМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аксия таҳти унвони “Хидмат ба Ватан шараф аст”! баргузор гардид.

Ҳамчунин дар ин замина вохӯрии раёсати донишкада ва намояндагони МИҲД-и шаҳри Бӯстон бо хатмкунандагон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин, раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар, муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнун Нурзода, сардори комиссариати ҳарбии шаҳри Бӯстон ширкат намуда, суханронӣ намуданд.

Хатмкунандагони донишкада фаъолона дар ҳамоиш ширкат намуда, эълом доштанд, ки пас аз супоридани имтиҳони хатм ҳатман ба хидмати Модар- Ватан сафарбар мешаванд.