Ширкати сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Насриддинов Шаҳбоз дар семинари омӯзишии ИҶТ

Бо ибтикори Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар толори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон нахустин семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Тақвият ва таъсисдиҳии намояндагиҳои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар заминаи шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон” доир гардид, ки дар он сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада Насриддинов Шаҳбоз низ ширкат намуд.

Семинари омӯзиширо Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ифтитоҳ намуда, аз боварӣ ва эътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ғамхории пайвастаашон нисбат ба насли наврасу ҷавони кишвар, ҳамзамон оид ба тақвият бахшидани фаъолияти шӯъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, таъсиси намояндагиҳои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, таъсиси маҳфилҳо дар факултаҳои муассисаҳои олӣ суханронӣ намуданд, иттилоъ додааст Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон.