Баргузории шанбегии умумӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯз шанбегии умумӣ бо ширкати кормандону омӯзгорон баргузор гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот сардори қисми маъмурию хоҷагидорӣ Розиқов Абдусамад иттилоъ дод.
Кормандону омӯзгорон аввал дар чанд қитъа гулшинонӣ намуда, сипас роҳравҳо, роҳрави назди донишкада, хиёбони марказии шаҳрро пурра аз партову коғазпораҳои нолозим пок намуданд.
Ҳамчунин, кормандон як қатор дарохтонро аз баргу шохаҳои нолозим озод намуда, заминҳоро баргардон намуданд.
Зимни баргузории шанбегии умумӣ дар даромадгоҳи донишкада ва дари асосӣ гулҳои ороишии гуногун шинонида шуд. Ҳамзамон тамоми масоҳати боғи донишкада аз партову алафҳои нозарур тоза карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки бо дастури Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкада ҳар ҳафта шанбегии умумӣ гузаронида мешавад.