Ҷавонони шаҳри Бӯстон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, баҳри ояндаи дурахшони Ватан овоз хоҳанд дод

Имрӯз, 9 октябр дар толори Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо донишҷӯёни курси 1, ки аввалин маротиба дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд мулоқот доир гардид.
Мулоқот бо сухани ифтитоҳии муовини ректори Донишкадаи мазкур Манзура Аминҷонова оғоз гардид.
Баъдан мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Хусравшоҳ Исмоилзода ва мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Бахтовар Ҷумаев ширкат ва перомуни иштироки фаъолонаи ҷавонон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб ибрози назар намуданд.
Ҷавонон-донишҷӯёни Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон бо хушнудӣ изҳор доштанд, ки санаи 11 октябри соли равон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат ва баҳри рушди босуботи Тоҷикистон овоз хоҳанд дод.