“ҲАФТАИ ТАЪЛИМИ УСТОДОН ВА КОРМАНДОН” ДАР ЮНОН

Зимни ироаи Паёми соли 2018 дар хусуси мавқеи хос доштани ҳамкориҳо бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “…Мо ҷонибдори рушди минбаъдаи равобити Тоҷикистон бо ин гурӯҳи кишварҳо, ки шарикони муҳими байналмиллалии мо маҳсуб мешаванд, дар асоси усулҳои ҳусни тафоҳум, эҳтироми якдигар ва барои ҷонибҳо судманд мебошем”

Бо назардошти мавқеи созандаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки заминаи рушди муносибатҳои байналмлилиро барои донишкада фароҳам овардааст, муносибатҳои хориҷӣ ба танзим дароварда мешаванд ва дар ин замина, бо иҷозат ва супоришу фармоишҳои ин ниҳод, раёсати ДКМТ робитаҳои байналмилалиро бо муассисаҳои илмию таълимии хориҷи кишвар ба роҳ мондааст.

Дар асоси иҷозатномаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, мандати кафолатӣ ва шартномаи ДКМТ бо лоиҳаи Аврупоии Еразмус+ тавассути Донишгоҳи Атикаи Шарқии Юнон дар самти мубодилаи донишҷӯён ва устодон санаҳои 20.05.2019-24.05.2019 ду нафар устодон – муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ – Насриддинов З.З. ва ассистенти кафедраи таъминоти барқ Бобоев Ш., барои таҳсил дар “Ҳафтаи таълими устодон ва кормандон” ба  Юнон сафар намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Лоиҳаи Аврупоии Еразмус+ дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳои дунё мавқеи қонунӣ дорад, бо шартномаҳои байнидавлатӣ, алалхусус дар Тоҷикистон намояндагии доимӣ дошта, ҳамкориҳои муассисаҳои олии касбии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро бо давлатҳои мустақили қораҳои Осиёву Амкрико ва Австролиёю Африқо дар сатҳи муайян ба роҳ мемонад.

Соли 2017 аввалин маротиба ДКМТ тавассути Донишгоҳи илмҳои амалии Приуси Афинаи Юнон то соли 2020 узви Лоиҳаи Аврупоии Еразмус+ гашт. Ва ин донишгоҳ соли 2018 дар натиҷаи мутаҳидсозии якчанд донишгоҳ ба Донишгоҳи Атикаи Шарқӣ ном иваз намуд.  Тавассути ин ҳамкорӣ, инак, чор устод ва се донишҷӯи ДКМТ ба муҳлатҳои гуногун ба ин муассиса сафар карданд, ҳамчунин моҳи майи соли 2018 се нафар устодони Донишгоҳи номбурда ба ДКМТ ташриф оварда бо донишҷӯён ва устодони муассисаи мо дарс гуфтанд. Ин раванд ҳар сол ба роҳ монда мешавад.

Донишгоҳи Атикаи Шарқии Юнон – донишгоҳи сеюме мешавад, ки дар доираи Лоиҳаи Еразмус+ бо ДКМТ то соли 2020 ҳамкорӣ мекунад. Ва дар доираи як лоиҳаи дигари ҳамсон, ки мандати кафолатиаш имзо шудааст, боз то соли 2022 ҳамкориҳо идома хоҳанд кард.

Чунин ҳамкориҳо рейтинги ҷумҳуриявӣ ва дунявии ДКМТ-ро таъмин хоҳад намуд.

Тибқи сафари мо ба Донишгоҳи Атикаи Шарқии Юнон дар самти мубодилаи донишҷӯён ва устодон санаҳои 20.05.2019-24.05.2019 барои таҳсил дар “Ҳафтаи таълими устодон ва кормандон” асосан раванди таълиму бозомӯзии мо дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, бароҳандозии фаъолияти сохторҳои системаи таҳсилотӣ фосилавӣ, тарзу усули навишту таҳияи лоиҳаҳои байналмилалӣ, дурнамои таъсиси барномаҳои таълимии дорои акредитатсияи байналмилалидоштаи сайёҳӣ ва мубодилаи донишҷӯёну устодон баррасӣ гардиданд.

Ҳамчунин бо донишҷӯён ва устодоне, ки ба корҳои илмӣ дар ин донишгоҳ машғуланд вохӯрӣ барпо намудем. Лоиҳаҳои илмие, ки дар ин ҷо амалӣ мешаванд ва механизмҳои ҳамкориҳои байнимуассисавии онро мавриди омӯзиш қарор додем.

Мо дар асоси таҷрибаи бойи сайёҳӣ доштани давлати Юнон аз ин Донишгоҳ хоҳиш намудем, ки дар сохтану таъсис додани инфрасохтори омодасозии кадрҳои равияи сайёҳии кӯҳӣ дар ДКМТ дар доираи Лоиҳаи Аврупоии Еразмус+ кӯмак намоянд.

Ҳамчунин гуфтугӯи мушаххас ҷиҳати таҳияи ду лоиҳа 1) муҷаҳҳазсозии базаи моддӣ-техникии кафедраи металлургияи ДКМТ ва 2) муҷаҳҳазсозии базаи моддӣ-техникии кафедраи таъминоти барқ дар ҳаҷми як миллион доллар анҷом дода шуд, ки онро мудирони кафедраҳои ҳамсони Донишгоҳи Атикаи Шарқӣ амалӣ хоҳанд намуд.

Сафарии навбатии кормандони донишгоҳи мазкур ба ДКМТ низ, баррасӣ гардид, ки аз ин муассиса ба муассисаи мо барои як ҳафта моҳҳои сентябр – октябри соли равон сурат хоҳанд гирифт. Ҳангоми сафар ба ДКМТ асосан дарсҳои амалии ташхиси минералҳо гузаронида мешаванд, ки таҷҳизот барои ташхисро кормандони ин донишгоҳ бо худ хоҳанд овард.

Дар рафти ҳафтаи таҳсил дар ин муассиса, мо бо намояндагони мактабҳои олии Юнон, Сербия, Белоруссия, Укроина, Россия, Амрико, Сурия, Ироқ, Қазоқистон, Узбекистон ва Молдова мулоқот намуда, робита барқарор намудем.

Бо намояндагони донишгоҳҳои Узбекистон, Россия ва Белоруссия мушахассан лоиҳаҳои мубодилаи донишҷӯн ва устодонро баррасӣ кардем, ки рӯзҳои наздик мукотибаи расмӣ оғоз карда мешавад.

Ҳамчунин бо донишҷӯи донишкада Умарова Т., ки ба ин донишгоҳ тибқи ҳамин шартнома ба мӯҳлати се моҳ фиристода шуда буд, вохӯрда, аз вазъи саломатӣ, таҳсил ва мавқеияш дар ҷомеи донишҷӯён бохабар шудем.  

 

Муовини ректор оид ба илм,

инноватсия ва робитаҳои байналмилалии ДКМТ

Насриддинов З.З.

Бобоев Ш.

Ассистенти кафедраи таъминоти барқи ДКМТ