Ҳамкориҳои донишкада бо донишгоҳҳои Чин тақвият меёбад

Дирӯз, дар толори видеоконфронсзали донишкада муколамаи роҳбарияти донишкада бо намояндагони донишгоҳҳои Чин ба тариқи маҷозӣ баргузор гардид. Аз ҷониби донишкада дар муколама муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин., директори Донишкадаи Конфутсий Валиева Мастурахон., сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммадиев Акбархон ширкат намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба идомаи ҳамкориҳо, тавсеаи  ҳамкориҳои илмӣ, беҳбуд ёфтани табодули донишҷӯёну аспирантон ва дигар масоили марбути илму пажӯҳиш сухан ронда, ба чунин хулоса расиданд, ки минбаъд дар шарикии зич лоиҳаҳои пажӯҳиширо пеш баранд.

Шуъбаи иттилоот