Дар ҳаёти инсонӣ хатогиҳо ва иштибоҳот як падидаи табиӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар инсон метавонад дар зиндагӣ зери таъсири муҳит, нодонӣ, эҳсосот ё шароити душвор ба роҳи нодуруст қадам гузорад. Аммо муҳим он аст, ки ба шахс имконияти ислоҳ шудан ва бозгашт ба роҳи дуруст дода шавад. Яке аз василаҳои муҳими ҳуқуқӣ ва инсонпарварона барои амалӣ намудани ин мақсад қонуни авф мебошад. Авф ҳамчун санади ҳуқуқӣ ба гурӯҳи муайяни шахсон имкон медиҳад, ки аз ҷазо пурра ё қисман озод гарданд ва зиндагии худро аз нав оғоз намоянд. Аз ин рӯ, қонуни авфро метавон наҷотбахши инсон аз гумроҳӣ ва роҳи нодуруст номид.
Бояд гуфт, ки авф яке аз зуҳуроти инсондӯстӣ ва башардӯстонаи давлат мебошад. Ҳадафи асосии он на танҳо сабук кардани ҷазо, балки фароҳам овардани шароит барои тарбияи дубораи шахс ва баргардонидани ӯ ба ҳаёти солими ҷамъиятӣ мебошад. Қонуни авф нишон медиҳад, ки давлат ба инсон ҳамчун мавҷуди қобили ислоҳ назар мекунад ва барои тағйир ёфтани рафтори ӯ имконият фароҳам месозад.
Дар бисёр ҳолатҳо шахсоне, ки ба ҷиноят даст задаанд, баъд аз дарки хатои худ пушаймон мешаванд ва мехоҳанд зиндагии навро оғоз намоянд. Авф ба чунин одамон имконият медиҳад, ки бо умед ба оянда зиндагӣ кунанд, ба ҷомеа баргарданд ва ҳамчун шаҳрвандони солимфикр фаъолият намоянд.
Яке аз вазифаҳои муҳими қонуни авф пешгирии такрори ҷиноят ва дур сохтани инсон аз роҳи нодуруст мебошад. Вақте ки шахс мебинад, ки давлат нисбат ба ӯ меҳрубонӣ ва боварӣ нишон медиҳад, дар дили ӯ эҳсоси масъулият ва қадршиносӣ пайдо мегардад. Ин ҳолат метавонад сабаби тағйири куллии рафтори ӯ гардад.
Бисёр нафароне, ки ба шарофати авф озод шудаанд, баъдан ба фаъолияти меҳнатӣ машғул гардида, соҳиби оила ва мавқеи арзанда дар ҷомеа шудаанд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки хатогиҳои гузаштаашонро такрор накунанд ва ба дигарон низ роҳи дурустро нишон диҳанд. Ҳамин тавр, авф на танҳо ба як шахс, балки ба тамоми ҷомеа таъсири мусбат мерасонад.
Дар фарҳанги миллӣ ва арзишҳои ахлоқии мардуми тоҷик бахшиш ва раҳму шафқат ҷойгоҳи баланд доранд. Қонуни авф ин арзишҳои волоро дар шакли ҳуқуқӣ таҷассум менамояд.
Инсондӯстии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он ифода меёбад, ки нисбат ба шахсони пиронсол, ноболиғон, занон, маъюбон ва дигар гурӯҳҳои осебпазир муносибати махсус зоҳир карда мешавад. Авф ба онҳо имконият медиҳад, ки ба ҳаёти муқаррарӣ баргарданд ва худро ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа эҳсос намоянд.
Ин нуктаро бояд зикр намуд, ки ҷазо гирифтани як нафар танҳо ба худи ӯ таъсир намерасонад, балки ба аъзои оилааш низ мушкилоти зиёд меорад. Кӯдакон аз меҳру ғамхории падар ё модар маҳрум мешаванд, вазъи иқтисодии оила душвор мегардад ва мушкилоти иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд. Вақте ки шахс тибқи қонуни авф озод мешавад, имконият пайдо мекунад, ки дубора дар тарбияи фарзандон саҳм гузорад, ба оила кӯмак расонад ва муносибатҳои оилавиро барқарор намояд.
Аз тарафи дигар, иштироки фаъоли чунин шахсон дар ҳаёти ҷамъиятӣ метавонад ба рушди ҷомеа мусоидат кунад. Онҳо бо меҳнати ҳалол, фаъолияти ҷамъиятӣ ва таҷрибаи зиндагии худ метавонанд барои дигарон намуна бошанд. Ин раванд ба таҳкими суботи иҷтимоӣ ва коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ мусоидат мекунад.
Гарчанде авф имконияти нав медиҳад, он ҳамзамон масъулияти бузургро низ ба зиммаи шахси авфшуда мегузорад. Шахсе, ки аз ин имтиёз баҳраманд шудааст, бояд боварии давлат ва ҷомеаро қадр намояд. Ӯ бояд бо рафтори намунавӣ, меҳнати ҳалол ва эҳтиром ба қонун нишон диҳад, ки воқеан ислоҳ шудааст.
Агар шахс пас аз авф боз ба роҳи нодуруст қадам гузорад, ӯ на танҳо ба худ, балки ба эътимоди ҷомеа низ зарар мерасонад. Аз ин лиҳоз, истифодаи дурусти имконияти додашуда вазифаи ахлоқӣ ва шаҳрвандии ҳар як шахси авфшуда мебошад.
Дар фарҷом ҳамин хел хулоса намудан мумкин аст, ки Қонуни авф яке аз муҳимтарин зуҳуроти инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ мебошад. Он ба шахсоне, ки ба хатогӣ роҳ додаанд, имконияти бозгашт ба зиндагии шоиста ва роҳи дурустро фароҳам меорад. Авф ба инсон умед мебахшад, эҳсоси масъулиятро тақвият медиҳад ва барои ислоҳи рафтор замина муҳайё месозад.
Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки қонуни авф воқеан наҷотбахши инсон аз гумроҳӣ ва роҳи нодуруст аст. Он на танҳо сарнавишти як шахсро тағйир медиҳад, балки ба таҳкими арзишҳои инсондӯстӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлат низ мусоидат менамояд. Ҷомеае, ки дар он бахшиш, адолат ва имконияти ислоҳ вуҷуд дорад, ҷомеаи солим ва пешрафта ба ҳисоб меравад.
Ашӯров Хайриддин
Саидов Асомиддин
омӯзгорони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
