Қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ

Дирӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тибқи ҷадвали тасдиқгардида қабули шаҳрвандон гузаронида шуд,ки ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ шаҳрванд Марупова Нигина Одинаевичро ба ҳузур пазируфтанд.
Мавсуф хатмкардаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия буда, ҷиҳати дарёфти ҷойи кор муроҷиат намудааст.
Ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ба сардори шуъбаи умумӣ ва назорат Хамдамова Мадина, ки дар рӯзи қабул ҳузур доштанд, супориш доданд, ки аризаи шаҳрванд қабул карда шавад ба озмун пешниҳод карда шавад.
Дар интиҳо ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ба сардори шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ дастур доданд, ки ҷавонони фаъол бештар ба кор таъмин карда шаванд.
Шуъбаи иттилоот