Қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ

Дирӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ шаҳрванд Салимова Файзигулро ба ҳузур пазируфтанд. Ректори донишкадаро дар рӯзи қабули шаҳрвандон муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин, масъули қабули шаҳрвандон Давлатов Хайриддин, мутахассиси шуъбаи иттилоот  Худойбердиева Муниса ва сардори шуъбаи умумӣ ҳамроҳӣ намуданд. 

Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ зимни баррасии аризаи шаҳрванд Салимова Файзигул таъкид доштанд, ки дастгирӣ ва баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеаи аз вазифаҳои аввалиндараҷаи  мост ва мо талош менамоем, то бар Шумо кӯмак намоем. Ректори донишкада ҷиҳати ба кор таъмин намудани сокини шаҳри Бӯстон Салимова Файзигул  ба раёсати кадрҳо ва корҳои махсус дастур доданд.

Шуъбаи иттилоот