Қабули омӯзгорони Ҷумҳурии мардумии Чин аз ҷониби ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ду нафар омӯзгоронро аз аз Донишгоҳи захираҳо ва муҳити зисти шаҳри Ланҷжоуи Ҷумҳурии мардумии Чин ба ҳузур пазируфт.
Дар ин қабул ректори донишкадаро директорони ҷонибҳои тоҷикистониву чиноии Донишкадаи Конфутсий Валиева Мастурахон ва Жен Гентян ҳамроҳӣ намуданд.
Зимни суҳбат муайян карда шуд, ки омӯзгорони чиноӣ таҷрибаи ғании корӣ доранд ва барои бурдани корҳои пажӯҳишӣ дар кафедраи металлургия ба 0,25 мизони корӣ ба кор таъмин карда шуданд.
Шуъбаи иттилоот