ЯК СОЛИ ШАРМАНДАГИИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ

Соли 2019 аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба хотири ба даст овардани маблағҳои зиёд аз хоҷагони хориҷияшон ва махсусан сарфи маблағҳои гирифтаашон дар соли 2018 чандин мусоҳибаву гуфтумонҳои онлайниро ташкил карданд ва ҳар қадаре, ки метавонистанд тӯмату бӯҳтонро бар ҷониби кишвари мо заданд ва ҳатто хиёнатҳои худро зери ин баромадҳо рӯйпӯш намудани шуда, баъзан хиёнатҳои таърихии худро бори дигар афрод кардани мешуданд, ки хушбахтона натавонистанд.

Зеро маҳз дар ҳамин сол фаъолияти пасипардагии наҳзатиёни палид ва разилу ҳайвонсират ошкор гардид ва маҳз дар ҳамин сол террористпарварии як қатор давлатҳо муайян шуд. Ҳамчунин маълум гардид, ки ТТЭ ҲНИ аз хадамоти махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон пайваста маблағ мегирад, то дар миёни ҷавонон андешаву ғояҳои террористӣ-экстремистиро тарғиб намояд ва ин қишри осебпазири ҷомеаро гумроҳ намояд.

Албатта, барои наҳзатиёни палид дербоз тайёрӣ дидаанд ва ин як навъ роҳи маблағкоркунии роҳбари наҳзатиёни манфур Кабирии палиду разил мебошад. Зеро хислатҳои пасти одамӣ амсоли кӯрдиливу кӯрботинӣ, пулпарастиву инсонбадбинӣ ва дурӯғгӯиву иғвобарангези хоси ҳамин тоифаи манфур мебошад ва ҳамаи наҳзатиёни палиду разил ва ҳайвонсират аз рӯйи ҳамин хислатҳо рафтор мекунанд. Вагарна инсони солим қодир аст, бар ивази бур бар Ватану миллати худ хиёнат кунад?

Оё инсони солим қодир аст бар ивази чанд тангаи ночиз бар хонаи аҷдодии хеш хиёнат кунад?

Албатта, ки не, аммо ин танҳо хоси инсонҳои разилу мансабпараст ва молпарасту ҷоҳталаб аст, ки барои пул ёфтан аз ягон роҳе намегарданд ва ҳатто лозим ояд зану фарзанди хешро ҳам террор мекунанд, то бар ивазаш маблағе ба даст оранд. Ин албатта хоси на ҳама инсонҳост, балки фақат бар наҳзатиён рост меояд, ки борҳо дар фаъолияти худ инро собит кардаанд ва ҳама сокинони кишвар аз ин аъмоли зишт ва рафтори малъунонаи наҳзатиёни террорист огоҳанд.

Бо фарогирии ҳамин хислатҳои ғайриинсонӣ наҳзатиён бо ҷамъе аз авбошҳои ҷамънамудаашон дар Аврупо дар ҷаласаи имсолаи САҲА дар Варшава ширкат намуданд ва бо изҳори матлабҳои бардурӯғу фитнаангез ва фактҳои бофтаашон хостанд, мардум ва махсусан намояндагони нишастро фиреб диҳанд, ки натавонистанд ва дурӯғу тӯҳматномаҳои бофтаашон ба таври комил аз ҷониби Ҳайати ҳукумати кишвар исбот шуд ва шармандавор ва бо хислатҳои ғайриинсониву амалҳои ҳайвонсиратиашон аз толор рафтанд ва шикасту шармсорияшонро қабул карданд.

Ин сол соле буд, наҳзатиёни малъунро дар миқёси байналмилалӣ шармандаву беобрӯ кард ва воқеияту ҳақиқати ин палидонро ошкор сохт.

Соле, ки сипарӣ гашт, соле буд, ки парда аз рӯйи сиёҳдилони наҳзатӣ бардошта шуд. Соле буд, ки ниқоб аз чеҳраи манфури наҳзатиён баргирифта шуд. Соле буд, ки ҳақиқати таърих бармало шуд. Соле буд, ки ҳақиқат бар дурӯғу дасиса пирӯз омад. Соле буд, ки ҳақиқат бар ҳама ноадолатиҳо ва ноҷавонмардиву хиёнатҳои иғвобарангезона ғолиб омад ва наҳзатиёни малъуну манфур ва бадкирдору бадсириштро шармандаи рӯйи ҷаҳон намуд.

Бақоев Б.Б.

лаборанти кафедраи ташкили ҳамлу нақл