ЭЪЛОН! Донишкадаи Конфутсий курсҳои кӯтоҳи забони чиниро барои омӯзгорон роҳандозӣ намуд

Ба диққати ҳамаи кормандон ва омӯзгорони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва вилоят мерасонем, ки Донишкадаи Конфутсий дар назди донишкада курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забони чиниро барои кормандону омӯзгорон таъсис додааст ва хоҳишмандон метавонанд аз ҳамин рӯз аллакай хешро дар Донишкадаи Конфутсий сабти ном намоянду рӯзи душанбе ба дарсҳо ҳозир шаванд.

Ёдовар мешавем, ки ин иқдом аз ҷониби раёсати донишкада роҳандозӣ шудааст ва барои онҳое, ки хоҳиши донишҳои хешро афзун намудан доранду мехоҳанд аз асрори муваффақияти чиниҳо огоҳ бошанд, муфид мебошад.

Шуъбаи иттилоот