Шӯрои олимони ҷавон баргузор гардид

Бо мақсади татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон, ба низоми муайян даровардани равобити ташкилию амалии муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар самти дастгирии олимони ҷавон дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои олимони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олӣ таъсис дода шудааст.
Дар ҷаласаи навбатӣ намояндаи ДКМТ, Раиси Шӯрои олимони ҷавони донишкада н.и.техникӣ, мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ Мирбобоев Шуҳратҷон иштирок намуд.
Баъди анҷом ёфтани ҷаласа, аз тарафи Раҳмонзода Абдулло – раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирбобоев Шӯҳратҷон бо сипоснома қадрдонӣ карда шуд.