Ширкати ҷавонони донишкада дар ҳафтаи худидоракунии МИҲД-и шаҳри Бӯстон

15 майи соли 2023 бо мақсади амалигардонии нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон оид ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат!” ҳафтаи иштироки ҷавонони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон оғоз гардид.

Ҷавонони донишкадаро, ки дар доираи моҳвораи ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз 15 то 19 май дар ҳафтаи худидоракунӣ иштирок меварзанд, муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода ба ҳузур пазируфта, бо онҳо суҳбати самимӣ доир намуданд.

Зикр гардид, ки ҷавонон ва масъалаҳои алоқаманд ба онҳо дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, пайваста ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи ҷавонон дар ҷомеа, таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити муносиби кориву зиндагӣ тадбирҳои муасирро роҳандозӣ менамоянд.

Дар идома гуфта шуд, ки ҷавонони бонангу номус бо истифода аз шароити муҳайёгардида қудрат доранд дар дигаргуниҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ободонии кишвар саҳмгузор бошанд.

Ҳафтаи худидоракунӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи ҷавонон амалӣ гардида, қарор аст дар чорабиниҳои бошукуҳи шаҳрӣ ба ҷавонон – донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон гувоҳномаҳо тақдим карда шавад.