Ширкати “Южуралзолото”- и Россия хостори ҷалби хатмкунандагони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон шуд

Санаи 27- уми марти соли ҷорӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мулоқоти муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин бо намояндагони ширкати “Южуралзолото”-и Федератсияи Русия сурат гирифт.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо изҳори хушнудӣ аз оғози ҳамкорӣ намуда, хостори ҷалби хатмкунандагони Донишкада ба ин коргоҳ гардиданд. Ҳамчунин, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда низ мутахассисонро барои ширкати “Южуралзолото” омода менамоянд. Айни замон барои 200 нафар хатмкунандагони донишкада дар ин ширкати хориҷӣ ҷойи кор омода аст.
Ширкати мазкур аслан мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои геолог ( 10 нафар), маркшейдер (30 нафар), муҳандиси корҳои кушоди кӯҳӣ ва зеризаминӣ ( 30 нафар), Пармакунӣ ( 10 нафар), Мутахассиси бойгардонӣ ( 30 нафар), инжинер- механик ( 20 нафар), Барқкор ( 30 нафар) мехоҳад ҷалб созад.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ин минбаъд низ ҳамкориро густариш медиҳанд.
Маоши миёна барои кормандон дар ин ширкат аз 100 ҳазор рубли русӣ оғоз мегардад.
Ин ҳам як имконият ва муваффақияти хуб барои хатмкунандагони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мебошад.