Ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Санаи 15-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар он аз Донишкади кӯҳию металлургии Тоҷикистон ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммадиев Акбархон, декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Гули, мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Облоқулов Воҳидҷон, мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ Мирбобоев Шӯҳратҷон ширкат намуданд. 

Дар форуми мазкур ҳамчунин мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ Мирбобоев Шӯҳратҷон низ  роҷеъ ба анвои фунуни техникӣ ва роҳҳои ҳамгироӣ суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи ҳамагонро ҷалб намуд. 

Ёдовар мешавем,ки форуми мазкур дар Донишгоҳии давлатии иқтисоди Тошканд баргузор гардид ва ҳайати кормандон аз бино ва факултетҳои он низ дидан намуданд.