Ширкати кормандону омӯзгорон дар шанбегии умумишаҳрӣ

Санаи 13-уми майи соли ҷорӣ зиёда аз 100 нафар кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада дар шанбегии умумишаҳрӣ ширкат намуда, атрофи меҳмонхонаи “Хуҷанд”-ро аз партову ифлосиҳо покиза намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ин мавзеи канори шаҳри Бӯстон феълан ба як ҷойи покизаву тоза табдил ёфт ва аз тамоми партовҳо пок карда шуд.