Ширкати кормандони донишкада дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ якҷоя бо Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникии кишварҳои ИДМ

Санаи 19.04.2023 ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ якҷоя бо Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникии кишварҳои ИДМ баргузор гардид, ки бо ташабуси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ дар он кормандони донишкада тариқи онлайн ширкат варзиданд.
Дар ҷаласаи мазкур ректори Донишгоҳи миллӣ тадқиқотии Москва (МИСиС)- Алевтина Анатолевна Черникова, мудири кафедраи идоракунии барномаҳои таълимӣ ва кори методии Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л.Н.Гумилёв-Жанат Зикрияевич Косибоев, декани факултети мошинсозии Донишгоҳи давлатии техникии Гомел ба номи Сухой- Петришин Григорий Валентинович, декани факултети корҳои кӯҳӣ ва экологияи муҳандисии Донишгоҳи миллии техникии Белорус-Кологривко Андрей Андреевич, сардори раёсати таълимӣ-методии Донишгоҳи миллӣ-тадқиқотии Москва (МИСиС) ва дигарҳо иштирок намуда, маърузаҳои пурмазмун хонданд.
Аз ҷониби Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар ҷаласаи мазкур муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ, профессор Умарҷонов А.А , мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Раҳимзода Ҳ.Р ширкат намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур намояндагони донишгоҳҳои олии ИДМ хостори ҳамкориҳои дуҷониба байни донишгоҳҳои техникии минтақаи созмон гардида, роҷеъ ба ин пешниҳоду дархостҳоро намуданд.
Ҳамчунин, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ, профессор Умарҷонов А.А., дар ҷаласаи мазкур омодагии донишкадаро ҷиҳати ҳамкориҳои судманд иброз дошта, ба ташкилкунандагони ҷаласа изҳори сипос намуд.